15 апр 2011

Ҳуқуқҳои дунявӣ ва динии инсон

Дар чаҳорчўбаи лоиҳаи «Вуруди сиёсати ҷавонон дар мубориза бар зидди радикализм(MYPAR)», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад, марҳилаи аввали семинарҳо дар мавзўъи «Ҳуқуқҳои инсон бо назардошти динӣ» гузаронида шуда истодааст. Ин семинарҳо барои гурўҳҳои ҷавонони аз 6 ҷамоатҳои мақсадноки ноҳияҳои Ашт ва Б. Ғафуров, ки дар фаъолияти чаҳорчўбаи лоиҳа ташкил шудаанд, гузаронида мешаванд. 

Гурўҳҳои мақсаднок аз ҷавонони синнашон аз 15 то 25 сола аз оилаҳои динӣ ва дунявии ноҳияҳои Ашт ва Б. Ғафуров иборатанд.  

Мақсади семинарҳо: Ҷавонон ва талабагони мактабҳои ҷамоатҳои мақсаднокро бо:

  • ҳуҷҷатҳои байналхалқии ҳимояи ҳуқуқи инсон,
  • қонунҳо оиди дин ва иттиҳодияи динӣ,
  • қонунҳо оиди озодии виҷдон ва мазҳаб шинос намудан.

Вазифаи семинарҳо:

  • пешниҳодоти иттилоот дар бораи дикларатсияи Умумии ҳуқуқҳои инсон,
  • дар бораи аҳдномаҳои байналмиллалӣ
  • дар бораи ҳуҷҷатҳои ба тартиб дарории муносибати шаҳрвандон ба дин дар ҶТ.

Дар авали семинар коориднатори лоиҳа Тюраев Ҷ. ҳамаи иштирокчиёни семинарро пазироӣ намуда, дар бораи лоиҳа муфассал нақл намуд. Ў баъдан тренер Дадобоев М.М., ки таҷрибаи бисёрсола дар гузаронидани чунин семинарҳоро дорад, шинос намуд.

Дар давоми як рўз тренер иштирокчиёнро бо:

  • ҳуқуқҳои инсон ва категорияҳои он,
  • маҷмўаи актҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ,
  • муносибат бо ҳуқуқ,
  • сохтори иттиҳодияи динӣ
  • озодии виҷдон ва мазҳаб,
  • дар бораи нақши иттиҳодияи динӣ дар давлати демократӣ, инчунин бо Қарори Суди Олӣ аз 30 марти соли 2006 қарор оиди ҳисобидани фаъолияти баъзе ташкилотҳо ва иттиҳодияҳо дар ҳудуди Тоҷикистон манъ аст, шинос намуд.

Қайд кардан лозим, ки ба иштирокчиён мавзўъи зерин хеле писанд омад ва онҳо хеле фаъол буданд ва мегуфтанд, ки дар мактаб чунин мавзўъҳо нестанд. Инчуниништирокчиёни тренингҳо дар корҳои гурўҳҳои хурд, лексияҳои хурд фаъолона иштирок намуданд

Дар аввали ҳар як семинар саволу ҷавоб оиди санҷиши дараҷаи аввалин оиди ҳуқуқ, қонун, дин, плюрализми динӣ гузаронида мешуданд. Аз анкетаҳо маълум гашт, ки иштирокчиёни семинарҳо камтар дар бораи ҳуқуқҳои худ ва бештар дар бораи дин, китобҳои муқаддас ва иттиҳодияҳои динӣ медонанд.

Умуман семинарҳо хеле шавқовар ва бомаърифат гузаштанд.

Чунин семинарҳо дар ҳаргуна мавзўъҳо дар 6 ҷамоатҳои мақсадноки ноҳияҳои Ашт ва Б.Ғафуров ба мўҳлати 6 моҳ мегузаранд.

Ҳабарҳои дигар

7 ноя 2018

Якум мизи мудаввар

07 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Исфара мизи мудаввар дар мавзӯи муаммоҳои зӯроварии хонаводагӣ баргузор гардид. Дар мизи мудаввар намояндагони мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, ҷамоатҳои Сурх, Чорку ва Ворух, ШВКД-2-и шаҳри Исфара, раисони махаллаҳо, намояндагони дин...

11 дек 2015

11 декабри соли 2015 вохӯри гузаронида шуд

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Сулх аз мо оғоз меебад», дар асоси нақшаи корӣ, санаи 11 декабри соли 2015 дар ҷамоати Хистеварз ноҳияи Б.Ғафуров вохӯрии намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ бо ҷавонон гузаронида шуд.

Минтақаҳои фаъолият