7 ноя 2018

Якум мизи мудаввар

07 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Исфара мизи мудаввар дар мавзӯи муаммоҳои зӯроварии хонаводагӣ баргузор гардид. Дар мизи мудаввар намояндагони мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, ҷамоатҳои Сурх, Чорку ва Ворух, ШВКД-2-и шаҳри Исфара, раисони махаллаҳо, намояндагони дин, кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон иштирок доштанд.  Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи «Оила бе зуроварӣ» баргузор гардида, мақсади он дида баромадани муаммоҳои зуроварии хонаводагӣ дар ҷамоатҳои мақсаднок, тартиб додани нақша-чорабинӣ барои пешгирӣ намудани муаммоҳо мебошад. Дар рафти чорабинӣ барои иштирокчиён оиди фаъолияти ташкилот ва лоиҳаи амалигардидаистода маълумот дар намуди презентатсия пешниҳод шуд. Инчунин, аз тарафи намояндагони МИҲД, милиса ва дин пешниҳоду ловаҳо карда шуданд, оиди вазъияти зӯроварии хонаводагӣ дар ҷамоатҳои мақсаднок-Ворух, Чоркӯ ва Сурх маълумот доданд. Дар давоми чорабинӣ ҳамроҳи иштирокчиён кор дар гурӯҳҳо гузаронида шуд. Тариқи ин усул иштирокчиён сабабҳои зӯроварии хонаводагиро муайян намуда, роҳҳои ҳалли пешгирии муаммоҳоро дар рӯи қоғаз нишон доданд. Дар рафти чорабинӣ дар ҳар ҷамоатҳо гурӯҳҳои ташабусскорон таъсис дода шуданд ва ҳар як гурӯҳ раисону аъзоёни худро интихоб намуд. Сипас, гурӯҳҳои ташаббускор нақшаи чорабиниҳо оиди пешгирӣ ва паст намудани сатҳи зӯроварии хонаводагиро тартиб доданд.


Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи “Оила бе зуроварӣ” бо дастгирии Сафоратхонаи Амрико дар Тоҷикистон ва аз тарафи ТҶ “АЗИТ” баргузор карда шуд.

Ҳабарҳои дигар

4 мар 2018

Учебная поездка в Литву

C 22-го февраля по 3-ее марта текущего года была организована учебная поездка по обмену опытом в Литву 10 членов общественных советов по обеспечению общественного порядка целевых районов проекта

8 июл 2018

Спорт для всех

Баскетбольные команды спортсменов с инвалидностью из Худжанда и Душанбе, 12-ти кратный чемпион Азии, чемпион мира, призер параолимпийских игр по армреслингу Акмал Кодиров стали участниками красочного спортивного праздника в ...

Минтақаҳои фаъолият