28 июл 2014

Сафари омӯзишӣ ба Лаҳистон

Аз 23 то 28 июли 2014 сол 4 нафар кормандони ТҶ АЗИТ ба Ҷумҳурии Лаҳистон ба сафари омӯзишӣ рафтанд. Сафари мазкур аз ҷониби ташкилоти Лаҳистон «Фонди ташаббусҳои менеҷерӣ» дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Рушди ташклотҳои ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон ва ҳокимияти маҳаллии самаранок – роҳ ба ҷомеаи шаҳрвандӣ» ташкил карда шуд. Дар чаҳорчӯбаи барномаи сафари омӯзишӣ кормандони АЗИТ ба вилоятҳои Мазовет, Подкарпат ва Люблин ташриф оварданд. Дар он ҷо онҳо бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ вохӯрӣ доштанд. Дар рафти сафар иштирокчиён имконият доштанд, ки мубодилаи таҷриба кунанд ва роҳҳои самараноки ҳамкорӣ бо ҳокимияти маҳаллиро омӯзанд

Лоихаи  мазкур дар чахорчубаи  барномаи  Вазорати Корхои хоричии Чумхурии Лахистон хамкории Лохистон барои рушд  маблаггузори  шудааст

Ҳабарҳои дигар

2 фев 2015

Ташаббусҳои ҷамъиятӣ - калиди рушди деҳаи тоҷик

Ташкилоти ҷамъиятии "Ассотсиатсияи Зиёиёни Илмию Техникии Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо Фонди маориф барои демократия (Лахистон) ва ЧС «Хамроз» аз моҳи феврали соли 2015 дар вилояти Хатлони Тоҷикистон ба таҳкими иқтидори ҷамоаҳои маҳаллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар 10 деҳаи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон - як лоиҳаи бо ном «Ташаббусҳои ҷамъиятӣ калид ба рушди деҳаи тоҷик " оғоз кардаанд.

Минтақаҳои фаъолият