16 дек 2015

«Мо ба ояндаи худ боварӣ дорем» - ташрифи Клуби занон Орзу

Аз нақли Мартина Квиатковская, ҳамоҳангсози лоиҳаи FED.

Дар давоми чанд моҳ, баъди ташрифи охир ба клуби занон Орзу дигаргуниҳои зиёд дида мешуданд. Таҷрибаҳои нав алоқаи байни занонро зиёд кард, ва кори Клуб меафзояд. Клуби занон Орзу айни ҳол аз 8 нафар занон иборат аст. Ба наздикӣ, онҳо дигар аъзо гирифтанӣ нестанд, барои онҳо онҳо мехоҳанд, ки дар ҳамаи 8 хоҷагидорӣ гов пайдо шавад. Дар Клуб дар айни ҳол 4 гӯсола  ва гов бо ном Мартина ҳаст. Дар моҳи майи соли ҷорӣ грант ва 200 сомонии иловагӣ интизор аст. Онҳо аз ҳисоби фонди клуб гови ҳомиладор хариданӣ ҳастанд. Гов алакай интихоб карда шуда буд, онҳо доимо бо соҳиби гов дар алоқа буданд, аз ҳолаташ пурсон мешуданд. Афсӯс, баъди 5 рӯзи харидории гов, маълум гардид, ки гов пораи бандеро фурӯ бурдааст. Аз дасти бойтор ҳеҷ чиз намеомад ва гов мурд. Аз мабағе, ки аз фурӯши гӯшти гов ба даст омада буд, онҳо гӯсолачаро хариданд, ки ба он Хидирова Ҷумагул нигоҳубин мекунад. Ба мавсими кишт нигоҳ накарда, ҳаррӯз занон аз соати 12 00 то 15 00 барои дӯзандагӣ ҷамъ мешаванд. Дастурхонҳое, ки занон аз аввали ташкилёбии клуб хеле машҳур мебошад. Фикри фурӯши дастурхон аз тарафи лидери клуб Холдуной Шарипова пешниҳод гардид, ҳангоми оне, ки ӯ аввалин бор ин дастурхонро дар бозори Қӯрғон – тепа дид. + аз фурӯшанда ҳамаи маълумоти ба худ лозимаро гирифт. Масалан: Аз куҷо матоъ метавон харид, чигуна мошини дарздӯзӣ ба он лозим аст, ва истеҳсоли ин маҳсулотро дар клуб оғоз намуд. Фоида барои клуб аз фурӯши ин дастурхон 5 сомонӣ мебошад. (аз 1 доллар ҳам камтар). Занҳо инчунин ҳам барои мардҳо ҳам барои занон либоси миллӣ медӯхтанд. Моҳи май занҳо матои сабук барои либоси тобистона мехаранд. Барои харидани матоъ ва лавозимоти лозима аз фонди клуб 700 сомонӣ ҷудо карда мешавад. Онҳо натавонистанд қисми зиёди истеҳсолашонро фурӯшанд. Пешниҳоди Матина Квиатковская оиди ба нархи арзонтар фурӯхтани маҳсулот онҳоро ба ҳайрат овард, вале хеле ба ҷо ва муфид буд. Фонди клуб 2500 сомониро ташкил медиҳад, ки аз он 600 сомониаш нақд аст. Боқимонда, он маҳсулоте, ки онҳо фурӯхта натавонистанд.

Харидани гове, ки баъдан бемор шуд ва набудани харидорон, ба вазъияти клуб бетаъсир набуд. Моҳи июл бӯҳрони ҳақиқӣ буд: «Ин ҳақиқатан бепарвоӣ буд. Қурбонгул Мирзораҳимова ва Умеда оиди соли аввал гуфт. Он вақт зимистони хунук буд ва тамоми ҳосил ях карда буд. Аъзоёни клуб аз байн пул ҷамъ карда, растаниҳоро аз нав шинонданд. Занҳо якчандбор вохӯрданд, то ки нақшаи кориро коркард намоянд. Онҳо бо намояндагони халқ вохӯрӣ гузаронданд, ва фаҳмиданд, ки ба варақаи бистарӣ талабот хеле калон аст. Аз боқимона 200 сомони фонд, занон матоъи пахтагин хариданд ва ба фурӯши маҳсулот оғоз карданд. Аввал дар оилаи худ, баъдан ба замини пахта мерафтанд, ки дар он ҷо занон аз хоҷагиҳо кор мекарданд. Инчунин, яке аз бошандагони деҳа пешниҳод намуд, ки маҳсулотро дар бозори Қӯрғон – тепа фурӯшад. + худ дар ин бозор кор мекунад ва ба занони клуби Орзу ёрӣ мерасонад. Ҳамин тавр фаъолияти Клуб пеш рафт ва руҳи маънавии занон низ баланд гардид.

Лоихаи мазкур дар чахорчубаи барномаи Вазорати Корхои хоричии Чумхурии Лахистон хамкории Лохистон барои рушд маблаггузори шудааст.

Ҳабарҳои дигар

30 июн 2021

Семинари «Пешсаф»

Санаи 24-25-29-30 июни соли 2021 дар Озмоишгоҳи Инноватсионии шаҳри Конибодом семинари «Пешсаф» гузаронида шуд.

13 апр 2017

Плов дружбы

11 апреля текущего года в рамках проекта «Укрепление сотрудничества между молодежью приграничных сообществ Таджикистана и Кыргызстана» в джамоате Лаккон города Исфары произошло такое яркое и значимое событие, как мастер-класс по приготовлению плова.

Минтақаҳои фаъолият