25 ноя 2021

Мо ҳамаро даъват мекунем - бепарво набошед

Вактхои охир аксарият чунин саволро медиханд: «Чаро, вакте ки тамоми чахон муаммои зуровариро ба таври чиддй мухокима карда, ба мукобили ин падида фаъолона мубориза мебарад, шумораи ходисахои зуроварй, баръакс, мунтазам меафзояд? Аммо дар солхои пеш мо оиди чунин ҳодисахо кам мешунидем...”Мутахассисони соҳаи хукуки гендерӣ ва зӯроварии ҷинсӣ ва гендерӣ ҷавоб медиҳанд, ки зӯроварӣ ҳамеша вуҷуд дошт, аммо ин мавзӯъ таҳти мамнӯъият буд. Аммо ҳоло ҷаҳон барои эътироф кардани мушкилот, хатоҳо ва нокомии худ боз аст. Давраи одамоне фаро расидааст, ки аз ҳуқуқҳои худ огоҳтаранд. Ин чунин маъно дорад, ки онхо аз ошкоро эълон кардани хушунат наметарсанд, ба мукобили чунин поймолкунии дагалона ва берахмонаи хукуки инсон мубориза мебаранд.
Хамасола тақрибан тамоми сайёраи Замин аз 25 ноябр то 10 декабр либоси норанҷӣ ба бар мекунад, ки рамзи муборизаи фаъолият алайҳи хушунат нисбати занону духтарон аст. Ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи зиёиёни илмию техникӣ» (ТҶ «АНТИ»), ки дар заминаи он Маркази захиравии занон оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва равонӣ ба чабрдидагони зӯроварӣ фаъолият мекунад, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамроҳ шуда, омодагии худро барои идомаи фаъолият ба мукобили зуроварй нишон медихад ва барои решакан намудани чунин падида, ки ба он тамоми инсоният нафрат дорад, мубориза мебарад.
Мо ҳамаро даъват мекунем - бепарво набошед, зеро ин бадбахтӣ метавонад ба ҳар яки мо таъсир расонад! Зӯроварӣ як фалокат аст! Фалокат барои тамоми ҷомеа! Ва мо метавонем онро дар якҷояги бартараф намоем!
Инак, шумо бо мо ҳастед?

Ҳабарҳои дигар

25 мар 2021

Курси пухтупаз

Дар доираи лоиҳаи "Дастгирӣ ва тақвияти марказҳои захиравии занон" дар ҷамоати Ҳайдар Усмон курси пухтупаз ташкил карда шуд.

13 апр 2017

Плов дружбы

11 апреля текущего года в рамках проекта «Укрепление сотрудничества между молодежью приграничных сообществ Таджикистана и Кыргызстана» в джамоате Лаккон города Исфары произошло такое яркое и значимое событие, как мастер-класс по приготовлению плова.

Минтақаҳои фаъолият