29 апр 2021

Малакаҳо барои оянда ва гузариш барои ҳаёти корӣ

20 апрели соли 2021 дар доираи лоиҳаи «Малакаҳо барои оянда ва гузариш барои ҳаёти корӣ» дар шаҳри Хуҷанд дар Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд вохӯрии ҳамоҳангсозӣ бо намояндагони Хазинаи кудакони СММ дар Тоҷикистон Бина Кутипарамб - роҳбари бахши Рушд ва иштироки Наврасони барномаи Пешсаф, Мавзуна Нурханова - масъули барномаи инноватсия ва иштироки Наврасон, Каримова Фаридхон Мутахассиси бахши мониторинг оид ба ҳуқуқҳои кӯдак дар вилояти Суғд, директорони МТИ ва менторон баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур сарвари маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд Ашӯрматов Фирдавс Баҳромович иштирок карданд. Ҳадафи вохурӣ - муайян намудани устувории Озмоишгоҳҳои инноватсионӣ, мақсад ва вазифаҳои он буда, иштирокчиён бо усули ҳуҷуми зеҳнӣ мавзӯъҳои дар боло зикргардидаро муҳокима намуданд. Дар рафти чорабинӣ инчунин, муаммоҳои фаъолияти лоиҳаро гуфтугузор намуданд ва роҳҳои ҳалли онро дида баромаданд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “АЗИТ” дар доираи лоиҳаи “Малакаҳо барои оянда ва гузариш ба ҳаёти корӣ” бо дастгирии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҳабарҳои дигар

26 сен 2011

Радикализм, таҳаммулпазирӣ ва низоъ

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Вуруди сиёсати ҷавонон дар мубориза бар зидди радикализм», ки аз ҷониби Комиссияи Аврупо дар чаҳорчӯбаи барномаи «Олоти Аврупо дар соҳаи демократия ва ҳуқуқи башар» барои гурӯҳҳои мақсаднок як зумра семинарҳо дар мавзӯи «Радикализм, таҳаммулпазирӣ ва низоъ» гузаронида шуданд.

15 ноя 2010

Встреча с молодёжью села Ходжаи Аъло в школе №24

12 ноября состоялась ещё встреча с молодёжью села Ходжаи Аъло в школе №24. В результате встречи по безопасности сотрудники проекта хотели удостовериться, что молодёжь полностью понимает процесс безопасности сообществ.

Минтақаҳои фаъолият