29 июл 2008

Компоненти 1

Лоиҳаи «Пешбурди Иштироки Ҷамъияти Шаҳрвандӣ дар мониторинги Барномаҳои Миллии Рушд» дар доираи Барномаи «Дастгирии Ташаббусҳои Шаҳрвандӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (USAID)

Ин лоиҳа аз ду компонент иборат аст:

Фаъолияти марбут ба компоненти 1 ба баланд бардоштани иттилоънокии аҳолӣ дар бораи СМР ва СПСК-и дар мамлакат татбиқшаванда, шавқу мароқ ба комёбиҳо дар татбиқи онҳо нигаронида шудаанд. Дар доираи ҳамин компонент аз ҷониби шарикони Гурӯҳи Мусоидат 10 мулоқоти иттилоотӣ дар минтақаҳои мухталиф барои бештар аз 400 пешсафони ҷомеаҳо ва намояндагони сохторҳои давлатӣ оид ба баланд бардоштани иттилоънокӣ роҷеъ ба Стратегияи Паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ки дар мамлакат дар солҳои 2007-2009 татбиқ карда шуд, гузаронида шуданд. Ин мулоқотҳо имкон доданд иттилоънокии пешвоёни ҷамъиятӣ ва намояндагони мақомоти маҳаллии ҳукуматӣ оид ба масъалаҳои нигаҳдорӣ ва татбиқи СПСК баланд шавад. Аз рӯи натиҷаҳои мулоқотҳои гуза-ронидашуда Шарикони Гурӯҳи Мусоидат шавку мароқи баланди сокинони ҷомеаҳои маҳаллиро ба пешрафт дар татбиқи СПСК ва амалиёти ҷамоатҳо дар доираи татбиқи стратегия қайд карданд.

Дар доираи медиа-маъракаи иттилоотӣ корҳои зерин ба субут расонида шуданд:

- а) плакатҳои иттилоотӣ бо даъвати «Дар ҳаёти мамлакати худ иштирок ме-кунем» ба миқдори 1000 дона чоп карда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ (ҷамоатҳо, поликлиникаҳо, чойхонаҳо ва ғайра) ҷойгир карда шуданд.

- б) сенарияҳо таҳия карда, 6 видеоролик дар бораи СПСК ва аҳамияти иштироки аҳли ҷамъият дар татбиқ ва мониторинги барномаҳои давлатии рушд ба навор гирифта шуд, ки дар каналҳои телевизиони марказӣ, аз ҷумла «Сафина», «Шабакаи Якум» ва каналҳои телевизиони минтақавӣ намоиш дода шуданд.

- в) ҳар моҳ дар бораи рафти татбиқи СПСК ва фаъолияти иштироккунандагони мухталифи раванди татбиқ ва мониторинги СПСК дар рӯзномаи «Азия плюс» мақолаҳо чоп шуданд.

Шарикони Гурӯҳи Мусоидат ба мақсади пайгирии сатҳи базавии итти-лоънокии аҳолӣ дар бораи СПСК ва таъсири тадбирҳои лоиҳавӣ ба сатҳи ба-ланд бардоштани иттилоънокӣ се давраи анкетагузаронии аҳолиро (базавӣ, мобайнӣ, финалӣ) дар минтақаҳо гузарониданд. Гузаронидани се давраи анкетагузаронии сатҳи иттилоънокӣ имкон дод, ки вазъи воқеии маъракаи иттилоънокии гузаронидашуда ошкор карда шавад.

Ҳамин тариқ, натиҷаҳо нишон доданд, ки агар дар аввали татбиқи лоиҳа (июни соли 2008) дар бораи ҳуҷҷат 38,2% пурсидашудагон иттилоъ дошта бошанд, моҳи октябри соли 2008 ин рақам ба 64,6% (натиҷаи мобайнӣ), моҳи декабр бошад ба 83.9% расид. Ҳамин тариқ, чунин ҳисоб кардан мумкин аст, ки нишондиҳандаи охирини иттилоънокии 83,9% комёбии мутлаки амалигардо-нии маъракаи иттилоотӣ дар доираи лоиҳа аст, зеро дигар амалҳо оид ба ба-ланд бардоштани иттилоънокӣ аз ҷониби дигар тарафҳои манфиатдор дар давраи ҳисобот андешида нашудаанд.

Ҳабарҳои дигар

10 окт 2009

Шабакаи Таҳлилгарони Халқӣ

АЗИТ аз соли 2008 дар самти ҷалб кардани ташкилотҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ ба татбиқ ва мониторинги СПСК ва институтсионалонии минбаъдаи низоми мониторинги ҷамъиятӣ тавассути Шабакаи таъсисдодаи таҳлилгарони халқӣ кор мекунад. Аъзои Шабака дар давраи кор дониши муайян андӯхтанд. Ин дониш ба онҳо ёрӣ мерасонад, ки дар бораи рафти татбиқи барномаи Рушд иттилооти босифат гирд оварда, таҳлил кунанд.

24 июл 2021

Нақши занон дар ҷомеа

Ташкилоти ҷамъиятии "АЗИТ" дар минтакахои мақсадноки лоиҳаи "Тақвият ва дастгирии марказҳои захиравии занон" як қатор ҷаласаҳои иттилоотӣ гузаронид. Дар маҳаллаи “Чашмаи Арзана” -и шаҳри Хуҷанд, дар ҷамоатҳои Исфисор ва Ҳайдар Усмон ҷаласаҳои иттилоотӣ дар мавзӯи “Нақши занон дар ҷомеа” баргузор шуданд.

Минтақаҳои фаъолият