1 янв 1970

Клуби Истиқлол

Истиқлол – соҳибистиқлолӣ – яъне, бартараф кардани низоъҳои беруна

Клуби Истиқлол, ки сарвараш Саидмоҳ Гулова мебошад, соли гузашта ба нақша гирифт, ки ба чорводорӣ машғул мешавад, инчунин дӯзандагӣ низ мекунад. Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи соли гузашта Клуб гов харид. Набераи сарвари Клуб номи говро Абада гузошт, Абада номи рэпер буд. Ҳоло гов ягон фоидае наовардааст, гӯсола тавалллуд накардааст, баръакс бар зиёни сарвари Клуб, ки дар хонаи ӯ парвариш ёфта истодааст, мебошад. Лекин аъзоёни Клуб умедвор ҳастанд, ки ба наздикӣ ҳамааш хуб мешавад.

Имсол низ, занҳо 2 гӯсола хариданӣ буданд. Аммо ба ин низоъҳои дар Клуб пайдошуда монеъагӣ кард. Яке аз занҳо аз Клуб рафтанӣ шуд, вале шавҳари ӯ ба қарори ӯ монеъагӣ кард. Ин муаммо барои Клуб хеле ҷиддӣ буд, ва онҳо чӣ кор карданро намедонистанд. Дар давоми чорабинӣ, мо ҳамроҳи занҳо дар фикри ҳалли масъала будем ва фикр мекардем, ки чӣ тавр ҳал кунем, ки дар оянда низоъ пайдо нашавад.

Ҳоло низ онҳо дар фикри харидани ягон чизи барои Клуб фоидавор ҳастанд. Сарвари Клуб мехоҳад, ки мошинаи дарздӯзӣ барои Клуб харад, вале ӯ низ ҳамроҳи дигар аъзоёни Клуб фикр мекунад.

Инчунин, занҳо ба мо дар бораи курси даҳрӯзаи либосбурӣ ва либосдӯзӣ, ки дар он иштирок карда буданд, нақл карданд. Барфимо Раҳимова, яке аз намояндагони Клуб гуфт, ки то дар курс иштирок кардан, ӯ каме бошад ҳам, малакаи дӯзандагӣ ва як мошини дӯзандагии оддии дастӣ дошт. + малакаи бофандагӣ низ дошт, ва мегӯяд; «Дар давоми курс ман бисёр чизҳоро омӯхтам, вале аз ҳама ба ман шиносоӣ бо намояндагони дигар клубҳо писанд омад. Мо бо ҳамдигар шинос шудем ва аз якдигар ёд мегирифтем. Мо вазифаи хонагӣ мегирифтем - гулдӯзӣ кардани куртаҳо, аммо мо дар давоми рӯз имконияти гулдӯзӣ карданро надоштем. Ман давоми курс бо мошинҳое, ки ягон бор аз ин пештар надида будам, кор кардам».

Дар давоми вохӯрӣ Барфимо доим ягон чиз мебофт, ӯ вақти холигиашро бефоида намегузаронд. (Ман аз вохӯрӣ бо камзӯлчае, ки ӯ бофта ба ман пӯшонид, баромадам). Мо бо таърихи ҳаёти ӯ шинос шудем. + мегӯяд: «Ман шавҳарамро дар мактаб дидаму, дӯст доштам. Аз сабаби он, ки ӯ аз ман як сол хурд буд, ман ӯро як сол интизор шудам, то ин ки мактабро хатм кунад. Вақте ки, ӯ ба хонаи мо ба хостгорӣ омад, ман аз хурсандӣ рақс мекардам, амакам ба наздам омада ба ман гуфт: «Магар ту шарм намедорӣ?» Ман гуфтам «не!». Маро ҳама таъна мекарданд, мегуфтанд, «Бинед, ин он духтаре, ки аз омадани хостгорон рақс мекунад!»

Дар бораи курс Замира Солиева низ нақл кард: «Ман дар курс бисёр чизро омӯхтам, мисол, буридани куртаҳо, пештар ман фақат матоъи буридаро медӯхтам. Аз ҳама душвортарин ин буридани матоъи либоси навхонадор буд. Чунки ба шакли дигар бурида мешавад. Баъди гузаштани курс мо диплом гирифтем.

Баъдан Барфимо, Замира ва як нафар аъзои Клуб, ки дар курси либосбурӣ ва либосдӯзӣ иштирок карда буд, ба 12 нафар занҳо либосбурӣ ва либосдӯзиро меомӯзониданд. Аслан курс 5 рӯз буд, вале занҳо меомаданду меомаданд. Онҳо техникаи бехатари буридани матоъро ёд гирифтанд, асосан либоси занону бачагонро. (Духтарчаи Барфимо – Мавлуда, барои хама ченак буд). Либосҳои дар вақти курс дӯхтаашонро онҳо ба оилаҳои кабағал тақсим карданд. Занҳо мӯгӯянд: «Барои он, ки кори мо пеш равад, бо бояд ба камбағалон ёрӣ расонем». Фонди Клуб ғайр аз масолеҳи кори худашон 500 сомониро ташкил медиҳад. Ҳаққи аъзогӣ 5 сомонӣ мебошад.

Аз ҳама аввал, занҳо куртаҳои пахтагӣ, болишт, ба лозимии занҳо ҷиҳак медӯзанд. Асосан талабот аз тарафи навхонадорон мешавад. Онҳо барои навхонадорон либоси тайёр низ доранд, ки барои киро медиҳанд. (ба сурат нигоҳ кунед)

Барои занҳо машварат бо Клуби занҳои шимол хеле писанд буд. Зулайхо, ки маблағи аъзогии Клубро ҷамъ мекунад, мегӯяд: «Машваратчиёни Конденисо ба мо роҳи осон ва дурусти ҳалро нишон доданд. Онҳо гуфтанд, ки агар хариди 2 гӯсола ба муаммоҳои зиёду нофаҳмиҳо расонад, мо метавонем, дигар чизе харем, ки ба Клуб фоида орад. Онҳо гуфтанд, ки мо кулчаҳои болаззат ва хушрӯ мепазем. Баъдан мо фармоишҳои тӯёна гирифтем, яъне ки пухтани кулча, нон ва чаппотӣ. Боз мо кулчақанд мепазем, занҳои вилояти Суғд ба мо дастурамали тайёр кардани кулчақандро доданд».

Машваратҳои мушовир - ҳуқуқшинос ва духтури занона ба ҳама писанд буд. Машварат дар ҳавлии Саидмоҳ гузашт, ва ҳатто баъди он ки машварат ба охир расид, ҳама меомаданду дар бораи онҳо мепурсиданд.

Оиди маслиҳатҳо Зулайхо сухан мекунад. «Аз ҳама шавқовар ин маслиҳатҳои мушовир – ҳуқуқшинос буд, ки ҳамаро ба донистани ҳуқуқҳои худ ҳидоят мекард. Мо фаҳмидем, ки ба молу амвол ва хона, бо шавҳарам ҳуқуқи баробар дорем. Дар машварат зане буд, ки аз муаммоҳои оилавии духтараш хеле зиқ буд. Мушовир – ҳуқуқшинос ба ӯ рақами телефони ҳуқуқшиносони беҳтаринро дод, ӯ алакай бо ҳуқуқшинос барои ҳалли масъалаҳо ба алоқа баромад».

 Наталя Кертичак

Лоихаи  мазкур дар чахорчубаи  барномаи  Вазорати Корхои хоричии Чумхурии Лахистон хамкории Лохистон барои рушд  маблаггузори  шудааст

 

Ҳабарҳои дигар

29 апр 2021

Малакаҳо барои оянда ва гузариш барои ҳаёти корӣ

20 апрели соли 2021 дар доираи лоиҳаи «Малакаҳо барои оянда ва гузариш барои ҳаёти корӣ» дар шаҳри Хуҷанд дар Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд вохӯрии ҳамоҳангсозӣ бо намояндагони Хазинаи кудакони СММ дар Тоҷикистон Бина Кутипарамб - роҳбари бахши Рушд ва иштироки Наврасони барномаи Пешсаф, Мавзуна Нурханова - масъули барномаи инноватсия ва иштироки Наврасон, Каримова Фаридхон Мутахассиси бахши мониторинг оид ба ҳуқуқҳои кӯдак дар вилояти Суғд, директорони МТИ ва менторон баргузор гардид.

Минтақаҳои фаъолият