11 ноя 2014

Мусоҳиба бо роҳбарони клубҳои занон

  1. Саидраҳмонова Мӯҳтарама, роҳбари клуби «Гулчини Мӯҳтарама». Ноҳияи Вахш, ҷамоати Тоҷикобод, деҳаи Фидокор.

Роҳбар будан барои Шумо чӣ маъно дорад?

«Дар ҳама ҷода масъул будан. Кори клубро ба самти дуруст бурдан. Ман барои ҳама занон намуна гардидам, акнун ҳамаи занон мехоҳанд, ки роҳбар шаванд».

Оиди кори худ бо занон дар клуб чӣ гуфта метавонед?

«Клуби мо ба ҳокимияти маҳаллӣ собит намуд, ки мо иттифоқ ҳастем. Ҷамоат ба клуб қитъаи замин ҷудо карда дод, то ин ки занон ҷои кори доимӣ дошта бошанд ва дар назди клуб коргоҳи хурди дӯзандагӣ таъсис диҳем. Фаъолияти тиҷоратии худро ман соли 1998 оғоз карда будам. Ман донаи ҷуворимаккаро дар бозор мефурӯхтам. Ба фоидааш бошад, танҳо 3 метр матоъ харида метавонистам. Дар рӯи он матоъ ман барои болишт гулдӯзӣ мекардам. Аз он даромади хеле ночиз мегирифтам. Ин ҳолат то таъсис ёфтани клуби занон идома кард. Акнун барои клуби мо баъзан 300 метр матоъ барои кори якҳафтина кофӣ намекунад».

Аз лаҳзае, ки роҳбар гардидед, дар ҳаёти Шумо чӣ тағйир ёфт?

«Дар ҳаёти ман бисёр чиз тағйир ёфт. Ман ба худ боварӣ пайдо намудам. Акнун, ки ман мақоми роҳбарро дорам одамони деҳа ба назди ман дар ҳолатҳои гуногун барои маслиҳатҳо меоянд.»

 Одинаева Малоҳат, роҳбари клуби «Шукрона». Ноҳияи Вахш, ҷамоати Тоҷикобод, деҳаи МОПР.

Роҳбар будан барои Шумо чӣ маъно дорад?

«Роҳбар дар клуби занон бояд байни аъзоёнаш фазои боварӣ ба вуҷуд орад. Ӯ бояд ба фикру ақидаи дигарон гӯш диҳад ва дар навбати худ дигар аъзоёни клуб низ бояд ба роҳбар гӯш кунанд».

Оиди кори худ бо занон дар клуб чӣ гуфта метавонед?

«Агар байни аъзоёни клуб якдигарфаҳмӣ бошад, пас мо метавонем ба мақсади худ ноил шавем. Мо кӯшиш мекунем, ки муаммоҳои бавуҷудомадаро якҷоя ҳал намоем. Қувваи мо дар ваҳдати мост».

Аз лаҳзае, ки роҳбар гардидед, дар ҳаёти Шумо чӣ тағйир ёфт?

«Дар ҳаёти ман тағйироти бисёр ба вуҷуд омад. Ман сатҳи дониши худро дар ҷодаи тиҷорат баланд бардоштам. Ҳамаи онро ман дар семинарҳои омӯзишӣ, ки дар чаҳорчӯбаи лоиҳа гузаронида шуданд, аз худ намудам».

  1. Абдураҳмонова Ситора, роҳбари клуби «Ахтарон». Ноҳияи Вахш, ҷамоати Тоҷикобод, деҳаи Пролетар.

Роҳбар будан барои Шумо чӣ маъно дорад?

«Роҳбар ин шахсест, ки роҳбарӣ мекунад. Роҳбар бояд дар ҳама ҷода боистеъдод бошад. Ӯ бояд бо ҳамаи 10 аъзоёни клуб кор карда тавонад».

Оиди кори худ бо занон дар клуб чӣ гуфта метавонед?

«Ман ҳамаи занонро даъват мекунам, ки муттаҳид бошанд, то ин ки сатҳи некӯаҳволии худро баланд бардоранд ва ҳеҷ гоҳ ночор нагарданд».

Аз лаҳзае, ки роҳбар гардидед, дар ҳаёти Шумо чӣ тағйир ёфт?

«Ман ба занон миннатдорам, ки ба ман бовар кардан два ҳамчун роҳбари клуб интихоб намуданд. Тарбия намудани фарзандон бе падар барои ман хеле мушкил буд. Сатҳи зиндагиамон паст буд. Пас аз таъсис клуб он беҳтар гардид. Дар деҳа маро акнун ҳамчун роҳбари клуб мешиносанд ва ин барои ман обрӯву эътибор аст. Акнун ман на танҳо дар назди оилаам, балки дар назди клуб низ масъулам».

 

  1. Мирзоазизова Малумбӣ, роҳбари клуби «Хурсандӣ». Ноҳияи Бохтар, ҷамоати Бохтариён, деҳаи Сари пули 1.

Роҳбар будан барои Шумо чӣ маъно дорад?

«Роҳбар будан ин маънои сардор буданро дорад. Роҳбар бояд сӯҳбат карда тавонад, ба саволҳо ҷавоб дода тавонад, дигаронро омӯзонад ва кӯмак расонад».

Оиди кори худ бо занон дар клуб чӣ гуфта метавонед?

«Заноне, ки курта дӯхта метавонанд, гулдӯзӣ мекунанд, мебофанд таҷрибаи худро ба духтаракони ҷавон меомӯзонанд. Духтаракон ба клуби мо бо хоҳиши худ меоянд, то ин ки ҳунари либосдӯзӣ, гулдӯзӣ ва бофтанро аз худ намоянд. Ҳамин тавр, онҳо метавонанд, ки дар оянда аз ин ҳунари худ фоида ба даст оранд».

Аз лаҳзае, ки роҳбар гардидед, дар ҳаёти Шумо чӣ тағйир ёфт?

«Ман дугонаҳо ва шиносони бисёр пайдо намудам. Акнун ман бо Мартина, Малика ва кормандони ташкилоти ҷамъиятии Ҳамроз ошно ҳастам. Барои таҷрибаомӯзӣ ба вилояти Суғд сафар кардам, дар намоишгоҳҳо, ки дар чаҳорчӯбаи лоиҳа ташкил шуда буданд, ширкат варзидам. Қабл аз ин ман дар ягон чунин чорабиниҳо иштирок карда набудам.»

  1. Шокирова Дилбар, роҳбари клуби «Рушноӣ». Ноҳияи Бохтар, ҷамоати Бохтариён, деҳаи Сари пули 2.

Роҳбар будан барои Шумо чӣ маъно дорад?

«Роҳбар корро чунин бояд ба роҳ монад, ки он ба ҳама манфиатбахш бошад. Агар муносибати байни аъзоёни клуб хуб бошад, он гоҳ мо ба комёбиҳо ноил мегардем.»

Оиди кори худ бо занон дар клуб чӣ гуфта метавонед?

«Кор дар клуб бомуваффақиятона рафта истодааст. Агар мо муттаҳид бошем, ба мақсади худ ноил мегардем.»

Аз лаҳзае, ки роҳбар гардидед, дар ҳаёти Шумо чӣ тағйир ёфт?

«Дар гузашта ман ҳунари дӯзандагӣ надоштам, вақте ки роҳбари клуби занон гардидам ин ҳунарро аз худ намудам. Акнун ман кӯшиш дорам, ки ба наздикон ва хоҳишмандон ин ҳунарро омӯзонам. Бо меҳнати худ сатҳи зиндагонии оилаамро беҳтар намудам. Барои ҳамаи ин ба «Кӯмаки Лаҳистон» миннатдорам».

  1. Холова Олуфта, роҳбари клуби «Дугонаҳо». Ноҳияи Бохтар, ҷамоати Меҳнатобод, деҳаи Хурсанд.

Роҳбар будан барои Шумо чӣ маъно дорад?

«Роҳбар – ин сардори ҷомеа мебошад. Ӯ бояд, ки масъулшинос бошад.»

Оиди кори худ бо занон дар клуб чӣ гуфта метавонед?

 «Мо кӯшиш мекунем, ки сатҳи зиндагии аъзоёни клубро беҳтар гардонем, мо аз ҷумлаи духтаракон зергурӯҳ таъсис додем, ки дар он ба онҳо ҳунари дӯзандагиро меомӯзонем.»

Аз лаҳзае, ки роҳбар гардидед, дар ҳаёти Шумо чӣ тағйир ёфт?

«Ҷаҳонбиниамон тағйир ёфт, сатҳи зиндагиамон беҳ гардида истодааст. Оиди ҳуқуқҳои худ бисёр чизҳоро омӯхтам».

  1. Ҷӯрахонова Раҷабмо, роҳбари клуби «Сайёра». Ноҳияи Вахш, ҷамоати Киров, деҳаи Тоҷикобод.

Роҳбар будан барои Шумо чӣ маъно дорад?

«Роҳбар – ин ба монанди сардори оила аст. Ӯ бояд барои ҳама намуна бошад.»

Оиди кори худ бо занон дар клуб чӣ гуфта метавонед?

«Мо бо занон якҷоя меҳнат карда аз он даромад ба даст меорем. Занон аз он хурсанд ҳастанд, ки ба оила ва ба худашон ин ҳунар фоида меорад».

Аз лаҳзае, ки роҳбар гардидед, дар ҳаёти Шумо чӣ тағйир ёфт?

«То ин лаҳза ман имконият надоштам, ки шимоли Тоҷикистонро бубинам. Орзуи ман ҷомаи амал пӯшид. Барои ин ман ба «Кӯмаки Лаҳистон» миннатдориамро баён месозам».

  1. Шарипова Холдона, роҳбари клуби «Орзу». Ноҳияи Бохтар, ҷамоати Заргар, деҳаи Хушвақт.

Роҳбар будан барои Шумо чӣ маъно дорад?

«Роҳбар будан барои ман масъулиятшинос будан аст».

Оиди кори худ бо занон дар клуб чӣ гуфта метавонед?

«Гуфтан мумкин аст, ки дар муддати кӯтоҳи фаъолияти клуби занон мо ба муваффақиятҳо ноил гардидем. Мо дар клуб хазина дорем, ки ин устувории фаъолияти клубро таъмин менамояд. Ҳар як аъзои клуб мувофиқи малакаву маҳорати худ кор мекунад ва бо ҳамин ҳам ба клуб ва ҳам ба оилаи худ фоида меоранд».

Аз лаҳзае, ки роҳбар гардидед, дар ҳаёти Шумо чӣ тағйир ёфт?

«Ман мухтасар посух медиҳам. Дар гузашта маро дар деҳа арӯс мегуфтанд, акнун бошад, маро «раиса» мегӯянд. Ин маънои сардор, шахсе, ки роҳбарӣ мекунад ва сазовори эҳтироми ҳама гардидааст, дорост».

  1. Мирзораҳимова Қурбонгул, роҳбари клуби «Умед». Ноҳияи Бохтар, ҷамоати Меҳнатобод, деҳаи Янгитурмуш.

Роҳбар будан барои Шумо чӣ маъно дорад?

«Роҳбар – ин сардор аст. Ӯ бояд ҳамаро фаҳмад ва хайрхоҳи ҳама бошад».

Оиди кори худ бо занон дар клуб чӣ гуфта метавонед?

«Кор дар клуб ба самти дуруст ба роҳ монда шудааст. Занон мувофиқи қобилияти худ бок ор машғул ҳастанд. Ҳар яки онҳо аз ҳисоби меҳнати худ даромад ба даст меоранд, ки он ҳам барои клуб ва ҳам барои оилаашон фоида меорад».

Аз лаҳзае, ки роҳбар гардидед, дар ҳаёти Шумо чӣ тағйир ёфт?

«Дар ҳаёти ман бисёр дигаргуниҳо бавуҷуд омаданд. Қаблан маро дар деҳа ҳамчун апаи Қурбогул мешинохтанд, акнун бошад, ҳамучун роҳбари клуби занони «Умед» маро мешиносанд. Ба назди ман ҳар рӯз дигар занони деҳа меоянду аз ман хоҳиш менамоянд, ки онҳо ба клуб қабул намоям. Акнун ман шахсияти обрӯманди деҳа ҳастам».

  1. Гулова Саидмоҳ, роҳбари клуби «Истиқлол». Ноҳияи Бохтар, ҷамоати Заргар, деҳаи Комсомол.

Роҳбар будан барои Шумо чӣ маъно дорад?

«Роҳбар – ин пешсаф будан аст. Роҳбар бояд ба ҳама намуна бошад».

Оиди кори худ бо занон дар клуб чӣ гуфта метавонед?

«Ҳамаи занони клуб кӯшишу ғайрат мекунанд. Мо якҷоя ҷамъ шуда, муҳокимаи онро мекунем, ки чӣ тавр кори клубро беҳтар намоем, кадом намуди кор ҳам ба клуб ва ҳам ба оилаи аъзоёни он фоидаи бештар меорад ва дигарҳо».

Аз лаҳзае, ки роҳбар гардидед, дар ҳаёти Шумо чӣ тағйир ёфт?

«Аз лаҳзае, ки ман роҳбар гардидам, дар ҳаёти ман бисёр чиз тағйир ёфт. Ман масъулиятшинос ва собитқадам гардидам. Қаблан дар оила  танҳо мардон қарор қабул менамуданд, акнун бошад, онҳо бо ман маслиҳат мекунанд».

 

 Лоихаи  мазкур дар чахорчубаи  барномаи  Вазорати Корхои хоричии Чумхурии Лахистон хамкории Лохистон барои рушд  маблаггузори  шудааст

 

Ҳабарҳои дигар

24 окт 2015

Асосҳои низоъ ва таҳаммулпазирӣ

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Сулх аз мо оғоз меебад», дар асоси нақшаи корӣ, санаҳои 12-13 октябри соли 2015 ва 23-24 октябри соли 2015 дар ноҳияи Исфара семинарҳо дар мавзӯи «Асосҳои низоъ ва таҳаммулпазирӣ» гузаронида шуд.

29 май 2017

Тренинг по журналистике

С 26 по 28 мая текущего года в рамках проекта «Мир и сотрудничество начинаются с нас», в городе Гулистон, в здании учебного центра Национального Банка республики Таджикистан был проведен тренинг по журналистике. Участниками тренинга были 20 подростков из приграничных джамоатов г. Исфары и Бабожон Гафуровского района.

Минтақаҳои фаъолият