9 авг 2010

Хабардор намудани аҳолӣ дар бораи омўзиши касб

Дар чаҳорчўбаи лоиҳаи «Паст кардани сатҳи камбизотӣ дар Тоҷикистон ба воситаи омўзиш ва таҳсилоти касбӣ», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шудааст, семинар дар мавзўи «Хабардор намудани аҳолӣ дар бораи омўзиши касб» гузаронида шуд. Семинарии мазкур дар тарабхонаи «Дўсти Амирхон» ш. Хуҷанд баргузор гардид. Иштирокчиёни семинар ин намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ, ҷамоатҳо, кумитаҳои маҳаллӣ, раёсати маорифи вилояти Суғд, раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳи вилояти Суғд, шўъбаҳои маориф, агентии ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати шаҳрҳову ноҳияҳои вилояти Суғд, инчунин омўзгорони муассисаҳои таълими ибтидоии касбии вилояти Суғд буданд.

 Дар семинарии серўза иштирокчиён бо кори касбомўзӣ байни мактаббачагон ва хатмкунандагони мактабҳои миёна ошно гаштанд.

Филме, ки тренер дар давоми семинар ба намоиш гузошт хеле муҳим ва шавқовар буд. Мазмуни асосии филм дар бораи интихоби касб ва касбомўзӣ дар байни мактаббачагони мактабҳои Олмон буд.

Чунин семинар дар Литсеи касбии алоқаи ш. Душанбе аз 4 то 6 августи 2010 сол барои намояндагони ҳокимияти маҳаллии шаҳр ва ноҳияҳои мақсадноки вилояти Хатлон, инчунин намояндагони Вазорати Маориф баргузор гардид.

Ҳабарҳои дигар

24 фев 2017

МУЛОҚОТИ ҶАВОНОН АЗ ДЕҲОТИ НАЗДИСАРҲАДИИ ҚИРҒИЗИСТОН ВА ТОҶИКИСТОН

Дар ин чорабинӣ ҷавонони чаҳор деҳаҳои ҳамсоя ба сокинон ва намояндагони сохторҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ нақшаҳои муштарак, ки моҳи январи соли 2017 дар урдугоҳҳои байнисарҳадӣ таҳия карда буданд, муаррифӣ намуданд.

31 дек 2020

Ҷамъбасти озмун байни хонандагони мактабхо

Рузи гузашта дар доираи зерлоиха бахшида ба 75- солагии БРСММ чамъбасти озмун байни хонандагони мактабхои тахсилоти умумии гайридавлатии "Паймони азизон", "Гёте" ва Литсейи донишкадаи политехники доир гардид.

Минтақаҳои фаъолият