1 окт 2015

Моҳи сентябри соли 2015 барои клубҳои занони Хатлон мушовир Рахматбоева Д. ҷалб карда шуд.

Моҳи сентябри соли 2015 барои клубҳои занони Хатлон мушовир Рахматбоева Д. ҷалб карда шуд, кадоме ки ба занҳо тавсияҳо ва пешниҳодҳои амалӣ барои рушд ва беҳтар намудани сифати маҳсулот дод.

 

Ба барномаи клуби занони «Дугонаҳо» ташрифи клуби мақсаднок занон - устоҳо барои баланд бардоштан ва пеш бурдани маҳсулоти дӯзандагии истеҳсолкардаашон дохил мешавад.

Дар рафти кор аз тарафи занон маҳсулотҳои дӯхтаашон пешниҳод шуданд. Онҳо маҳсулоти кори худашонро нишон доданд. Асосан ин куртаҳои миллии занона бо қисмҳои гулдӯзӣ, гулҳо аз сангҳои гуногуни ҷилодор буданд. Саволҳои минбаъда дар бораи тамоюлҳои мӯд дар либоси миллӣ ва аврупоӣ дар минтақа, фактураҳои матоъ, харидани маводҳо  ва сифати маҳсулот буданд. Дар рафти назорат мушоҳида ва зикр гардид, ки сехи дӯзандагӣ хеле калону васеъ аст, кофӣ муҷаҳҳаз гардидааст ва мизи буррандагӣ дорад.  Сехи дӯзандагӣ дар маркази ноҳия ҷойгир буда, духтаронро бо кори доимӣ таъмин менамояд ва ба зерсохторҳо дастрас аст.  Духтарон хеле фаъол ҳастанд ва биниши замонавӣ доранд ва метавонанд ба мизоҷони худ ҳангоми  интихоби намудҳои дӯхт маслиҳатҳои муфид диҳанд.

Дар рафти рӯз духтарон бо корҳои оид ба воҳидҳои коркарди дӯзандагӣ (гуногунии киссаҳо), кор бо маҷаллаи «БУРДА» шинос шуданд. Дар рафти рӯз занони клуб бор рафти технологияи дӯзиш, ҳам дар маҳсулоти занона, мардона, бачагона ва ороишӣ шинос гардиданд.

Баъд занон ба ду гурӯҳ ҷудо шуданд, ва ба онҳо вазифаи интихоби намуд, сарфи матоъ ва тайёр кардани қолиб аз маҷаллаҳот тақсим шуданд, ва онҳо бо муваффақият аз ӯҳдаи ин корҳои баромаданд. 

Машваратҳои ба фикри мо хеле муфид  ва саривақт буданд ва аз тарафи занҳо хуб баҳогузорӣ шуданд.

Лоихаи мазкур дар чахорчубаи барномаи Вазорати Корхои хоричии Чумхурии Лахистон хамкории Лохистон барои рушд маблаггузори шудааст.

Ҳабарҳои дигар

3 мар 2012

Какова религиозная ситуация в Ферганской долине?

5 марта Сеть «Долина мира» проведет в Худжанде два круглых стола по темам: «Построение пространства для диалога в религиозной сфере» и «Трансграничное сотрудничество в области ползучей миграции».

21 дек 2015

Вохӯрии ҷавонони ҷамоатҳо Ворух ва Навгилем бо намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Сулх аз мо ощоз меебад», дар асоси нақшаи корӣ, санаи 21 декабри соли 2015 дар ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара вохӯрии намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ бо ҷавонон гузаронида шуд.

Минтақаҳои фаъолият