14 апр 2014

Рӯзи дарҳои кушод

14 апрели 2014 сол дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Пешбарии имкониятҳои мардуми деҳот тавассути иштирок ва таҳсилот барои ҳаёт» ТҶ «Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ – техники Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо Коллеҷи муҳандисӣ – омӯзгории ноҳияи Ҷаббор Расулов «рӯзи дарҳои кушод» барпо намуданд. Дар чорабинии мазкур тақрибан 500 нафар хонандагони мактабҳои миёнаи ноҳия, аз ҷумлаи хонандагони синфҳои болоӣ ва хатмкунандагон иштирок намуданд. Шунавандагони курсҳои кӯтоҳмуддати «Маркази таълими идомавии ноҳияи Ҷаббор Расулов» низ ба ин чорабинӣ ҷалб карда шуданд ва фаъолона ширкат варзиданд.

Дар он рӯз тахтаҳои деворӣ, намоишгоҳи маҳсулоти тайёр ва чорабинии фарҳангӣ ташкил карда шуданд. Барои тавзеҳи чорабинии мазкур рӯзноманигони телевизиони маҳаллӣ даъват шуданд.

Ҳабарҳои дигар

30 ноя 2020

Встреча со студентами ВУЗов

27-го ноября 2020 года была проведена встреча со студентами ВУЗов города Худжанда, также участвовали представители отдела комитетов по делам женщин и семьи, и по делам молодёжи и спорта.

Минтақаҳои фаъолият