16 сен 2021

Варақаи иттилоотии лоиҳа

Бо дастгирии ташаббуси “Нури Рушноӣ” амалӣ карда мешавад. Ташаббуси “Нури Рушноӣ” як шарикии глобалӣ ва бисёрсола байни Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид аст, то ҳама шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон ва духтаронро то соли 2030 аз байн барад.

ВАРАКАИ ИТТИЛООТИ
Душанбе, Точикистон, 16 сентябри 2021с. - Зуровари нисбати занон ва духтарон поймолкунии хукуки инсон ба хисоб рафта дар арсаи чахонӣ хамчун масъалаи мухим махсуб меёбад, ки халли он дар маркази диккат ва таваччухи ташаббуси глобалии Иттиходи Аврупо ва Созмони Милали Муттахид «Нури Рушноӣ” ва инчунин Хукумати Чумхурии Точикистон низ мебошад. Барои решакан намудани ин зухуроти номатлуб мачмуи амалхо, конунхо ва санадхои меъёриву хукуки мавриди амал карор доранд.
Ташаббуси Иттиходи Аврупо ва Созмони Милали Муттахид «Нури Рушноӣ» барои решакан намудани зӯроварии ҷинсӣ ва гендерӣ нисбати занону духтарон ва инчунин бехтар намудани шароити занону духтарон дар Чумхурии Точикистон тарики хадафхои зерин мусоидат менамояд: а) пурзур намудани конунгузори ва ба стандартхои чахони мувофикат намудани он, б) ташкил намудани чорабинихо доир ба мустахкам кардани хассосияти гендерии макомотхои махалли; в) васеъ намудани дастрасии чабрдидагони зуровари ба ёрии хукукии тахассуси ва гузаронидани маъракахои иттилоотӣ оиди пешгирии зуроварӣ.
1 сентябри соли 2021 бо дастгирии молияви ва техникииТашаббуси Иттиходи Аврупо ва Созмони Милали Муттахид «Нури Рушноӣ», ташкилоти чамъиятии «Ассотсиатсияи зиёиёни илми-техники» (ТЧ «АЗИТ») дар хамкори бо ташкилоти чамъиятии «Чахон» (ТЧ «Чахон») амалишавии лоихаи «Бехтар намудани дастраси ба адолат тарики баланд бардоштани иктидори макомотхои судӣ, хифзи хукук ва марказхои давлатии ёрии хукуки доир ба истифодаи усулхои хассоси ба масьалахои гендери»-ро огоз намуд. Лоихаи мазкур то мохи июни соли 2022 амалӣ хохад гардид.

Хадафхои асосии лоиха:
• Баланд бардоштани маълумотноки ва махорати судяхо, кормандони милитсия ва хукукшиносони марказхои давлатии ёрии хукуки тарики омузиш доир ба кор бо чабрдидагони зуровари
• Ба рох мондан ва пеш бурдани хамкории марказхои давлатии ёрии хукуки бо муассисахои тибби ва ичтимои бахри пурзур намудани кор бо чабрдидагони зуровари
• Таъмин намудани дастраси ба ёрии хукуки аз тарафи хукукшиносони пуртачриба дар марказхои давлатии ёрии хукуки.

Нохияхои максаднок:
Лоихаи номбурда дар нохияхои зерин амали хохад гашт: вилояти Сугд: н. Исфара ва Б. Гафуров; вилояти Хатлон: н. Восеъ ва Ёвон; нохияхои тобеи Чумхури: н. Хисор ва Рудаки ва кисман дар ш. Душанбе.

ТЧ «АЗИТ»:
Сурога: Чумхурии Точикистон, ш. Хучанд. к. Шота Руставели 44
Тел: +992 92 775 40 08
E-mail: mirzobakhodurova@gmail.com

БР СММ дар Точикистон
Сурога: Чумхурии Точикистон. ш. Душанбе,
к. Айни 39
Тел: (+ 992) 44-600-56-00
Факс: (+992) 44-600-56-00
Email: registry.tj@undp.org

ТЧ «Чахон»
Сурога:Ч умхурии Точикистон,
ш. Душанбе. К. Айни 19А, х.7
Тел.: +992 905008009
E-mail: ngo.jahon@gmail.com

Другие новости

15 дек 2020

Семинар в честь 75-летия ООН

15 декабри соли 2020 дар Донишгохи давлатии хукук, бизнес ва сиёсати Точикистон семинари навбати дар мавзуи "Махаллигардонии Хадафхои рушди устувор, мониторинг ва арзёбии дастовардхои Стратегияи миллии рушд" баргузор гардид. Максади гузаронидани чорабини ин баланд бардоштани маьрифатнокии чавонон оид ба 75-умин солгарди Созмони Милали Муттахид ва фаьолияти он дар Точикистон мебошад.

Регионы деятельности