16 фев 2022

Обучение в целях социального аудита

Ташкил ва гузаронидани ҳисоботдиҳии иҷтимоӣ барои ҷомеаҳои баҳрагиранда имконият фароҳам меоварад, ки ҳисобот доир ба пешрафт, мушкилот ва ахбори молиявӣ дар доираи лоиҳа пешниҳод карда шаванд.
Инчунин ҳисоботдиҳии иҷтимоӣ барои пурзӯр намудани назорат нисбати зерлоиҳа, инчунин таъминоти шаффофоият ва ҳисоботдиҳӣ дар доираи лоиҳа пешбинӣ шудааст.
Ҳисоботдиҳии иҷтимоӣ ин раванди ҳамкории мақомотҳои масъул бо роҳбарон, фаъолон ва иттиҳодияҳои ҷомеаҳои шаҳрвандӣ мебошад. Он бо низом, саривақт ва босамар ҳал намудани мушкилоти мавҷуда ва ба пайдо намудани имкониятҳои нав мусоидат мекунад.
Дар ин замина дар дафтари Исфарагии Бунёди миллӣ иҷтимоии маблағгузори Тоҷикистон дар доираи амалигашти лоиҳаи болозикршуда барои аъзоёни Нозирони ҷавон, Комиссияи лоиҳавии ҷамоат, Кумитаи лоиҳавии деҳа ва Машваратчиёни рушди ҷомеъ бо мақсади босамара гузаронидани ҷаласаҳои умумии боҳогузории баҳрагирандагон аз тарафи кормандон шарики омӯзиш ва мусоидат машварати дастурӣ гузаронида шуд.
Дар рафти машварати дастурӣ оид ба ташкил ва гузаронидани мониторинги иҷтимоӣ машғулияти назариявӣ ва амалӣ барпо гашт.
Минбаъд, дар маҳаллаҳое, ки лоиҳаҳои афзалиятноки интихобгардида амалӣ шудаанд маъракаҳои Мониторинги иҷтимоӣ бо ҷалби кулли баҳрагирандагон гузаронида мешавад.
Чорабинии мазкур аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон” бо мабалағгузории ҶДММ “ЦАИ Консалтинг” дар доираи лоиҳаи Бонки Умумиҷаҳонӣ “CASA 1000” зерлоиҳаи «Дастгирии ҷомеа дар Тоҷикистон» амалӣ карда мешавад.

Другие новости

21 апр 2021

Обчающий тренинг для молодежи г. Исфары

Санаи 14-уми апрели соли 2021 дар доираи лоиҳаи "Омӯзиш ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷомеаҳо- роҳ ба сӯи сулҳофарӣ ва субот" тренинги омӯзишӣ дар мавзӯи «Тарзи дурусти аксбардорӣ/наворбардорӣ дар телефонҳои мобилӣ ва омода намудани видеороликҳо оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ» дар Исфара барои ҷавонон баргузор гардид.

1 июн 2018

День защиты детей

Ташкилоти КАРИТАС Олмон 1-уми июн – Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро бо созмон додани чорабинии хайриявӣ дар ноҳияи Айнӣ...

Регионы деятельности