9 мар 2022

Совместный общественный мониторинг проекта

Дар доираи амалигашти лоиҳаи «Дастгирии ҷомеа дар Тоҷикистон» ҷаласаҳои умумии Назорати ҷомеа бо ширкати гуруҳҳои мақсадноки фарогири лоиҳа дар ҷамоатҳои деҳоти Чоркуҳ ва Ворух баргузор гардид.
Намояндагони Комиссияи лоиҳавии ҷамоат ва Кумитаҳои лоиҳавии деҳа дар рафти ҷаласа роҷеъ ба корҳои то имрӯз анҷомёфта ҳисобот доданд. Зикр гардид, ки интихоби афзалиятҳо дар сатҳи зергурӯҳҳо, сатҳи маҳаллаву деҳа тариқи ташкили омӯзишҳо, эълон ва гузаронидани тендеру озмун роҳандозӣ гардида, натиҷаҳои интизоршударо дода истодаанд.
Сокинони деҳаҳои мақсаднок бо амалигардонии лоиҳа оиди беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасонии тиббӣ тавассути муҷаҳҳазгардонии бунгоҳи тиббӣ бо таҷҳизоти зарурӣ баҳра бардоштанд. Ҳамчунин хонандагони муассисаҳои таълимӣ минбаъд аз тахтаҳои электронӣ дар синфхонаҳои муҷаҳазгардонидашуда таҳсилоти худро давом хоҳанд дод. Таъмин намудан бо курсиву мизҳои замонавӣ, тахтаҳои синфӣ, партаҳо бо курсиаш барои хонандагони синфҳои аз 1 то 11, либосовезаҳо, ҷевонҳои ду ва седара, компутеру проектор аз қадамҳои дигари амалигардонӣ дар доираи лоиҳа мебошад.
Иштирокдорони ҷаласа дар варақаҳои баҳодиҳӣ фикру мулоҳизот ва муносибати фардии худро нисбати амлигашти лоиҳа муайян намуда, таклифҳои худро пешниҳод намуданд.
Бояд таъкид намуд, ки чунин ҳисоботдиҳии иҷтимоӣ барои пурзӯр намудани назорат нисбати зерлоиҳа, инчунин таъминоти шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ дар доираи лоиҳа мусоидат хоҳад кард.
Минбаъд, гузаронидани чунин муҳокимаҳои ҷамиятӣ дар дигар маҳаллаҳое, ки лоиҳаҳои афзалиятноки интихобгардида оғоз шудаанд бо ҷалби кулли баҳрагирандагон дар назар гирифта шудааст.
Чорабинии мазкур аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон” бо мабалағгузории ҶДММ “ЦАИ Консалтинг” дар доираи лоиҳаи Бонки Умумиҷаҳонӣ “CASA 1000” зерлоиҳаи «Дастгирии ҷомеа дар Тоҷикистон» амалӣ карда мешавад.

Другие новости

31 окт 2022

Здоровая семья – залог счастья

«Здоровая семья – залог счастья» по данной теме в джамоате Хайдара Усмонова Бабаджон Гафуровского района прошла информационная встреча.

12 июн 2017

Дар Хистеварз аксияи “Дӯстӣ” доир мегардад

Имрӯз дар МТМУ№54, ҷамоати Хистеварз вохӯрии намояндагони Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон бо аъзои гурӯҳи тамосии ҷавонони минтақа дар доираи лоиҳаи “Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон”, ки бо маблағгузории Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон амалӣ мешавад, доир гардид. Дар ин радиф, ГТҶ нақша-чорабиниҳои хешро дар моҳҳои тобистон муқаррар намуданд.

Регионы деятельности