Саёҳати ҷавонони Қирғизистон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Мусобиқаи варзишии футбол ва теннис сокинони деҳаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистонро ба ҷамоати Овчӣ-Қалъача ҷамъ овард.

Бо ташаббуси гурӯҳи тамосии ҷавонони деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркуҳи Исфара бо ҷалби ҷавонони деҳаи наздисарҳадии Кок-Тош саёҳат ба ҷамоати Овчӣ-Қалъача доир шуд. Чорабинии мазкур, дар доираи лоиҳаи "Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон" баргузор гардида, бо назардошти макони ҷамъомад гуруҳҳои тамосии ҷавонони ҷамоатҳои Овчӣ-Қалъача ва Интернатсионал  низ ҷалб гардиданд. Лоиҳаи мазкур, бо дастгирии Барномаи рушди СММ Тоҷикистон аз тарафи Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон амалӣ мешавад.

Сараавал, дар майдончаи варзишии мактаби №8 бозии футбол барои ҷавонписарон ва тенниси рӯйимизӣ барои ҷавондухтарон доир гардид.

Бо тасмими иштирокчиёни чорабинӣ гурӯҳҳо дар ҳарду намуд дар омехтагӣ байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Мушоҳида гардид, ки дар ҷараёни бозиҳо ҷавонон ҳисоби холҳоро сарфи назар менамуданд.  Онҳо дар интиҳои мусобиқа дӯстиро ғолиб донистанд.     

Новобаста ба ин, ба бозингарони беҳтарин тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Бо ин саёҳати ҷавонон ба ҷамоат ба итмом нарасида, шиносоӣ бо зиёратгоҳи минтақа сурат гирифт. Ин имкон дод, то иштирокчиён бо ҷойҳои таърихии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз наздик ошноӣ пайдо намоянд. 

Шиносоии ҷавонони ҳамсоякишвар бо ҷойҳои таърихии вилояти Суғд бори чандум аст, ки дар доираи лоиҳа баргузор мешаванд.

 

Новости

29
ноя

Толерантность и ее виды

Вчера в женском общежитии №2 города Худжанда прошел семинар на тему «Толерантность и ее виды».

Регионы деятельности