Дар Хистеварз аксияи “Дӯстӣ” доир мегардад

Моҳҳои наздик дар истгоҳ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятии ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аксҳои сокинони деҳаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон гузошта мешаванд.

Ин як ҷузъи аксияи “Дӯстӣ”-и аъзои гурӯҳи тамосии ҷавонони минтақаи мазкур буда, дар доираи он паҳни ройгони тақвим бо суратҳои ҳамҷояи аҳолии кишварҳои ҳамсоя ба нақша гирифта шуданд.

Имрӯз дар МТМУ№54, ҷамоати Хистеварз вохӯрии намояндагони Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон бо аъзои гурӯҳи тамосии ҷавонони минтақа дар доираи лоиҳаи “Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон”, ки бо маблағгузории Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон амалӣ мешавад, доир гардид. Дар ин радиф, ГТҶ нақша-чорабиниҳои хешро дар моҳҳои тобистон муқаррар намуданд.

Аҳадхон Темуров, яке аз ҷавонони ташаббускор иброз дошт, ки тарғиби овезаҳо бо аксҳои муштарак далели он аст, ки робитаи дӯстии мо бо мардуми Қирғизистон ҳанӯз аз солҳои пеш аз даврони зиндагонии бобоёнамон вуҷуд дошт. Ва бешубҳа, ин

риштаро мо ҷавонон имрӯз бояд идома бахшида, ба наслҳои минбаъда расонем.

-Дар минтақаи Таги Чинор, бозори Хистеварз ва истгоҳи микроавтобуси мусофиркашони 78 сокинони деҳаҳои марзии кишвари ҳамсояро бештар вохӯрдан мумкин аст,-мегӯяд Нигора Турсунова, узви ГТҶ. Маҳз бо назардошти ин, макони баргузории аксияҳо ва гузоштани овезаҳо интихоб мешаванд.

Дар доираи вохӯрӣ, баргузор намудани чорабиниҳои иттилоотӣ оид батаҳаммулпазирӣ, карпинг (ороиши меваҳо) ва бизнес-тур ба нақша гирифта шуданд.

Новости

29
ноя

Толерантность и ее виды

Вчера в женском общежитии №2 города Худжанда прошел семинар на тему «Толерантность и ее виды».

Регионы деятельности