24 окт 2017

Саёҳати ҷавонони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба корхонаи истеҳсолии шаҳри Хуҷанд

-Агар "Файзи Расул" нуқтаи қабули ширро дар ҷамоати мо ташкил мекард, -мегӯянд, гурӯҳи тамосии ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров,-мо онҳоро бо маҳсулоти хом таъмин мекардем.
Дар нимаи дуввуми рӯз гурӯҳи тамосии ҷавонони ҷамоати Овчи-Қалъача ба Корхонаи истеҳсолии маҳсулоти ширии Файзи Расул сафар намуданд. Дар рафти шиносоӣ онҳо аз технологияи содироти шир огоҳӣ пайдо намуда, худ шоҳиди зиндаи ҷараёни истеҳсолот гаштанд. Роҳбалади саёҳат Оля Бердиева мудири лабораторияи ҶДММ "Порсои Хуҷанд" зери бренди "Файзи Расул" зикр намуд, ки корхона иқтидори то 6,5 тонна коркарди ширро дар як рӯз дорад. Ба саволи "оё аз мардум шир ҳам ҷамъ меоранд?" чунин посух шуд:
-Не, мо танҳо аз ферма ширро дастрас мекунем, зеро содироти шир низ хусусиятҳои ба худ хос дорад. Дар ҳолати аз мардум ҷамъоварӣ кардан дар як вақт лабораторияи сайёрро низ ташкил бояд кард.
Таркиби шир пез аз коркард ҳамаҷониба дар лаборатория санҷида шуда, аз дастгоҳи филтер гузаронида мешавад. Сипас, дар деги истеҳсолӣ пастеризатсия мегардад. Сониян, ҷараёни асосии истеҳсолоти маҳсулот оғоз мегардад. Ҳар як номгӯйи маҳсулот мӯҳлати муайяни омодашавӣ дорад. Мисол панҷ соат қувваи корӣ лозим аст, то творог дар шакли омода ба хони мардум бирасад.
Оля Бердиева қайд мекунад, ки корхона дар истеҳсолот танҳо шири табииро истифода мекунад ва ҳаҷм, номгӯйи маҳсулот мувофиқи мавсими сол муқаррар мешавад.        
Дар баробари ин, иштирокчиёни саёҳат омодагии худро дар ҷодаи содироти ашёи хом ба корхона изҳор доштанд. Аз ҷумла, Аюбҷон Комилов, омӯзгори мактаби №8 ҷамоат, ки дорои хоҷагии деҳқонӣ мебошад минбаъд ба корхонаи истеҳсолии Файзи Расул маҳсулоти шир ва меваҷот содир хоҳад кард.
Корхонаи "Файзи Расул" аз соли 2012 то ин ҷониб дар ҷумҳурӣ дар озмуни "Беҳтарин маҳсулоти сол" ҷои аввалро ишғол мекунад. Бинои ҶДММ "Порсои Хуҷанд" зери бренди "Файзи Расул" ҳанӯз соли 2015 бо ширкати Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шудааст.
Чорабинии мазкур, дар доираи қисмати бизнес-чорабиниҳои лоиҳаи "Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон" аз ҷониби Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи Рушди СММ Тоҷикистон доир гардид.
 Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣғтехникии Тоҷикистон ба ширкати "Файзи Расул" барои дастгирии ташаббус ва саёҳати ҷолиб изҳори сипос менамояд.  

Другие новости

5 апр 2022

Закон о предотвращении насилия в РТ

Для повышения информированности населения и молодежи в целевых районах проекта были проведены семинары и информационные встречи на темы «Насилия. Виды насилия.

15 янв 2017

Семинар для учителей целевых школ на тему «Здоровый образ жизни»

В рамках проекта «Мир и сотрудничество начинается с нас», финансируемый фондом UNICEF, с 11 по 14 января 2017 года был проведен первый семинар из двух запланированных на тему «Здоровый Образ Жизни» ,для учителей целевых школ джамоатов Б. Гафуровского района и г. Исфары.

Регионы деятельности