11 янв 2011

Вуруди сиёсати ҷавонон дар мубориза бар зидди радикализм

Дар чаҳорчўбаи барномаи Комиссияи Аврупо аз моҳи декабри 2010 сол лоиҳаи «Вуруди сиёсати ҷавонон дар мубориза бар зидди радикализм» (MYPAR) амалӣ мегардад.

Лоиҳа дар тўли 18 моҳ дар вилояти Суғди Тоҷикистон татбиқ карда мешавад.

Лоиҳа аз тарафи ташкилоти байналхалқии ғайридавлатии сулҳовар бо мақоми мушовирӣ дар назди СММ - "International Alert" ва ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсия Зиёиёни-Имлӣ Техникии Тоҷикистон (ТҶ АЗИТ) амалӣ карда мешавад. Лоиҳа аз тарафи Комиссияи Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад.

Мақсади умумии лоиҳа бартараф намудани зиддиятҳои иҷтимои ва мустаҳкам намудани нақши ҷомеами шаҳрванди ва мақомотҳои маҳаллӣ дар ҷодаи банизомдарории манфиатҳои гурўҳӣ баҳри сулҳоварӣ, пешбари намудани ҳуқуқҳои инсон ва мусоидат намудан барои иштирок дар раванди коркарди сиёсат.

Лоиҳа баҳри паст намудани сатҳи плюрализми динӣ ва маълумотнокӣ дар бораи ҳуқуқи инсон бо мақсади паст намудани паҳншавии радикализм байни ҷавонон дар ду ноҳияҳои мақсаднокии вилояти Суғд – ноҳияҳои Б.Ғафуров (ш.Ғафуров, ҷамоатҳои Унҷи ва Қистақўз) ва Ашт (ҷамоатҳои Шайдон, Понғоз, Қамиш-қўрғон) мусоидат мекунад

Татбиқнамоии лоиҳа ба се марҳила тақсим карда шудааст:

Марҳилаи 1: Коркард ва татбиқи барномаҳо барои ҷавонон:

  • Гузаронидани вохўриҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ оиди коркарди барномаҳо барои ҷавонон
  • Гузаронидани чорабиниҳо дар шаш ҷамоатҳои мақсаднок

Марҳилаи 2: Гузаронидани маракаҳои эдвокаси

  • Семинарҳо оиди омўзиши таҷрибаи ба даст оварда дар ҳамаи сатҳҳо
  • Пешниҳод намудани тавсифот ба Гурўҳи Корӣ оиди масъалаҳои сиёсӣ, ки он аз болои стратегия оиди муносибатҳои динӣ ва дунявии давлат кор мебарад.

Марҳилаи 3: Вуруд намудани масъалаҳои антирадикализм ба нақшаи вилоятии сиёсати ҷавонон:

  • Вохўрии корӣ оиди сиёсати ҷавонон ва банақшагирии стратегӣ
  • Вохўриҳои корӣ оиди вуруди масъалаҳои антирадикализм
  • Конфронс дар мавзўи нақши ҷомеаи шаҳрванди дар коркарди сиёсати ҳалли масъалаҳои ихтилофӣ

Лоиҳа дар ҳамкории зич бо:

  • Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд
  • Бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияҳои мақсаднок
  • Мақомоҳои маҳаллии иҷроиявӣ
  • Хонандагони мактабҳо ва мадрасаҳо
  • Пешвоёни динӣ
  • Пешбарони ҷамаотҳо
  • ТҒД, ки бо масъалаҳои ҷавонон кор мебаранд
  • ва бо дигар тарафҳои ҳавасманд татбиқ карда мешавад.

Натиҷаҳои дар назардоштаи лоиҳа:

  1. Фисади ҷалбшавӣ ва иштироки на кам аз 120 намояндагони ҷавонони дунявӣ ва динӣ (ақаллан 40% занҳо) дар таълими ғайрирасмӣ ва муколама оиди ҳуқуқҳои инсон баланд шуд.
  2. Нерўи намояндагони ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва ТҒД дар коркарди сиёсат оиди масъалаҳои ихтилофи ва сиёсати амалан собитшуда дар пешгирӣ намудани радикализм дар байни ҷавонон пурзўр карда шуд.
  3. Масъалаҳо оиди антирадикализм ба барномаи рушди иҷтимоии ҷавонони вилояти Суғд ворид карда шуд.

Ҳабарҳои дигар

18 авг 2020

Встреча с Министром образования и науки республики Таджикистан

Сегодня в рамках «Продвижение качественного, инклюзивного образования для всех на протяжении всей жизни» состоялась встреча членов Инициативной группы по продвижению качественного образования для всех на протяжении всей жизни с Министром образования и науки республики Таджикистан - Имомзода Мухаммадюсуф Сайдали.

Минтақаҳои фаъолият